Ссылки доступа

Ӯзбекистон равуои мошинҳои боркашро тариқи ағбаи "Қамчиқ" ба танзим медарорад


Оҷонсии нақлиёти хушкигард ва обии Ӯзбекистон лоиҳаи қарори ҳукуматро дар мавриди ба танзим даровардани равуои мошинҳо тавассути ағбаи "Қамчиқ" таҳия кардааст.

Ӯзбекистон равуои мошинҳои боркаши муҳлати истеҳсолашон аз 15 сол болоро шуруъ аз 1 июли соли 2016 тавассути ағбаи "Қамчиқ" манъ карда буд. Дар натиҷа рафту омади беш аз 10,5 ҳазор мошини боркаш тавассути ағбаи мазкур манъ шуд.

Ин қарор боис шуд, ки молу маҳсулот дар водии Фарғонаи Ӯзбекистон 20 дарсад боло равад. Дар лоиҳаи нав омадааст, ки мошинҳои на беш аз 25-сола дубора ҳаққи равуоро дарёфт хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG