Ссылки доступа

Занозании мактабхонҳои Душанбе ду кушта бар ҷой гузошт


Занозании хонандагони мактабҳои шумораи 43, 54 ва 101-и ноҳияи Синои Душанбе бо куштор анҷомидааст. Ба гуфтаи омӯзгорон, дар натиҷаи занозанӣ ду хонанда ҷон додааст.

Ҳодиса шаби 2 ба 3 январ дар яке аз интернет-кафеҳои воқеъ дар маҳаллаи 103, наздик ба Донишкадаи низомӣ рух дода, сабаби он ҳанӯз маълум нест.

Рӯзи гузашта ҷасади Сомон Шарипов, хонандаи синфи 11-и мактаби рақами 54 ба хок супурда шудааст.

Яке аз омӯзгорон, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, занозанӣ миёни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти умумии шумораи 43, 54 ва 101-и ноҳияи Сино сурат гирифта ва саркардаҳои онҳо ҷавононеанд, ки мактабро соли гузашта хатм кардаанд.

Ба гуфтаи ин омӯзгор, аз рӯзи гузашта мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба таҳқиқи ҳодиса шурӯъ карда ва иддае аз мактаббачагонро, ки дар ин ҳодиса ширкат кардаанд, боздошт ва мавриди бозҷӯӣ қарор додаанд.

XS
SM
MD
LG