Ссылки доступа

Дар Афғонистон зидди ҳамла ба шиъаҳо роҳпаймоӣ карданд


Дар Афғонистон садҳо мусалмони шиъамазҳаб дар раҳпаймоие зидди афзоиши ҳамлаҳо аз сӯи гуруҳҳои тундгаро ширкат карданд.

Ширкатдорони ин раҳпаймоӣ бо садоҳои "Марг бар душманони Афғонистон" сӯи бинои ҳукумати вилояти Ҳирот ҳаракат кардаанд. Онҳо дар даст акси ёру дӯстон ва пайвандонашонро, ки дар ҳамлаҳои охири тундгароҳо кушта шудаанд, доштанд

Дар вилояти Ҳирот, ки бо Эрон ҳамсарҳад аст, вақтҳои охир ҳодисаҳои ҳамла ба масҷидҳои шиъаҳо бештар шудааст. Дар як ҳамла рӯзи 1 январ имоми масҷид кушта ва панҷ тани дигар захм бардоштанд. "Ин падидаи хатарнок аст ва мо мехоҳем, ки ҳукумат моро муҳофизат кунад", - мегӯяд яке аз ширкаткунандагони эътироз.

Ҳудуди як сол пеш ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" танҳо дар вилояти Нангарҳори Афғонистон, ки бо Покистон ҳамсарҳад аст, фаъол буданд. Ҳоло ин гуруҳ дар чандин минтақаи дигар нуфуз пайдо кардааст.

Моҳи июли соли 2016 ҷангҷӯёни ДИ ба масҷиди шиаҳо дар шаҳри Кобул ҳамла карданд. Дар натиҷа 80 нафар кушта ва 130 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

XS
SM
MD
LG