Ссылки доступа

Ду рақиб мехоҳанд, дар курсии шаҳрдории Бишкек биншинанд


Бар пояи қонунгузории Қирғизистон, ҷиноҳҳои ҳизбӣ, эътилофҳо, маҷлиси шаҳрӣ ва сарвазир метавонанд номзади худро ба мақоми шаҳрдории Бишкек пешниҳод кунанд. Интихоботи раиси ҳукумати пойтахти Қирғизистон қарор аст, 11 январ баргузор шавад. Дирӯз, 4 январ охирин рӯзи ба қайдгирии номзадҳо буд.

Эътилофи ҳукмрони маҷлиси шаҳрии Бишкек номзадии Албек Иброҳимов, шаҳрдори кунунии пойтахти Қирғизистон ва ҷиноҳи мухолифи "Онугуу-Прогресс" номзадии Нуриддин Абдилдаевро пешниҳод кардаанд. Сооронбой Жээнбеков, сарвазири Қирғизистон тасмим гирифтааст, аз ҳаққаш барои пешбарии номзад истифода накунад.

Тибқи қонунҳои амалкунандаи Қирғизистон, шаҳрдори Бишкекро вакилони маҷлиси шаҳрӣ аз роҳи раъйдиҳии пӯшида интихоб мекунанд. Интихобот дар сурате баргузоршуда эълон мешавад, ки аз се ду ҳиссаи вакилон ширкат варзанд.

XS
SM
MD
LG