Ссылки доступа

Дар Туркия режими ҳолати фавқулодда се моҳ тамдид шуд


Порлумони Туркия режими вазъи фавқулоддаро, ки баъди талоши табаддулоти нокоми давлатӣ дар таърихи 15 июли соли 2016 ҷорӣ шуда буд, се моҳи дигар тамдид кард. Дар ин бора хабаргузории Associated Press иттилоъ медиҳад.

Вазъи фавқулодда то 20 апрел давом мекунад.

Охири моҳи декабр дар Туркия нахустин муҳокимаҳои додгоҳии парвандаҳои талоши табаддулот шуруъ шуданд. 29 корманди пулис, ки шаби табаддулот аз муҳофизати қароргоҳи президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон саркашӣ карда буданд, дар ҳоли ҳозир муҳокима мешаванд.

Дар маҷмуъ аз рӯи парвандаи табаддулот бештар аз 40 ҳазор гумонбар боздошт шуда, даҳҳо ҳазор корманди давлатиро аз кор ронданд. Инчунин даҳҳо расона баста шуд.

Талоши табаддулоти давлатӣ дар Туркия шаби 15 ба 16 июл сурат гирифт. Дар ин кишвар режими вазъи фавқулодда ҷорӣ ва Конвенсияи аврупоӣ дар мавриди ҳифзи ҳуқуқи инсон аз амал боздошта шуд.

XS
SM
MD
LG