Ссылки доступа

Дар Тошканд як хати нави метро сохта мешавад


Дар ноҳияи Сергелии Тошканд бунёди хати нави метро шуруъ шудааст, менависанд расонаҳои маҳаллӣ.

Бино бар иттилои расонаҳо, хати нав комилан ба зери замин гузашта, 8 километр масофа хоҳад дошт.

Дар ин хат 6 истгоҳ сохта мешавад. Хати нав аз кӯчаҳои Чоштеппа, Мирзо Турсунзода ва Қипчоқ гузашта то кӯчаи Марли дар наздикии "Спутник" мерасад. Бино бар ҳисобҳои пешакӣ сохтмони хати нав наздики 4 сол идома мекунад.

XS
SM
MD
LG