Ссылки доступа

Гуруснанишинии бидуни муҳлати нафткашон дар Қазоқистон


Дар Мангистауи Қазоқистон даҳҳо корманди ширкати нафткаши Techno Trading LTD бо талаби беҳтар гардидани шароити корӣ даст ба гуруснанишинии бидуни муҳлат задаанд.

Ин кормандон тақозо доранд, ки бо имзои қарордоди нав пардохти маоши иловагӣ кафолат дода шавад.

Ҳамчунин шахсоне, ки ронда шудаанд, дубора ба ҷои кор даъват ва ҳама гуна фишорҳо болои кормандон қатъ ва тамоми қарорҳои марбут ба онҳо дар мувофиқа бо иттифоқи касаба қабул гардад.

Ҷамъан 133 нафткаш даст ба гуруснанишинӣ зада, онҳо аз ин тасмимашон раҳбарияти корхонаро ҳанӯз 23 декабри соли гузашта огаҳ кардаанд.

Кормандони Techno Trading LTD ҳудуди як сол мешавад, аз раҳбарияти худ талаб доранд, ки ҳаҷми маош баланд, мукофотпулиҳои семоҳа барқарор ва фишор болои кормандон қатъ карда шавад.

Қонуни нави Қазоқистон дар бораи иттифоқи касаба, ки моҳи июни соли 2014 қабул шуд, ҳаққи кормандонро барои баргузории ҷамъомадҳои озод маҳдуд мекунад. Моҳи ноябри соли гузашта созмони байналмилалии Human Rights Watch аз Қазоқистон интиқод карда, гуфт, ки ҳуқуқи кормандон дар ин кишвар поймол мешавад.

XS
SM
MD
LG