Ссылки доступа

Шаҳрванди Қирғизистонро дар Тоҷикистон ба хотири пул шиканҷа кардаанд


Шаҳрванди Қирғизистон Акжол Калбоевро дар Тоҷикистон шиканҷа кардаанд. Ин иттилоъро сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Шарики тиҷоратии пешини Калбоев - Набиҷон Набиев, соҳибмулки ширкати "Тоҷирон" шаҳрванди Қирғизистонро ба шаҳри Хуҷанд даъват мекунад. Калбоев бе ҳеч дудилагӣ ба Тоҷикистон меояд, аммо дар ин ҷо дасту пояшро баста лату кӯб ва аз пайвандонаш барои раҳоии вай 23 ҳазор доллар мехоҳанд.

Пайвандони Калбоев ба сафорати Қирғизистон дар Душанбе муроҷиат мекунанд. Баъди дахолати мақомоти қудратии Тоҷикистон Калбоев 30 декабр аз асорат раҳо ва ба вилояти Ӯши Қирғизистон фиристода мешавад. Вай ҳоло дар бемористон бистарӣ аст.

Хабар дода мешавад, ки Набиҷон Набиев ва писараш, ки дар шиканҷаи Калбоев гумонбар дониста мешаванд, боздошт шудаанд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ таъсис шудааст.

XS
SM
MD
LG