Ссылки доступа

ИМА номи писари Усома ибни Лодинро ба рӯйхати сиёҳ ворид кард


Мақомоти ИМА номи писари Усома ибни Лодин, асосгузори гуруҳи террористии "ал-Қоида"-ро ба рӯйхати сиёҳ ворид кардаанд.

Ба иттилои Департаменти давлатӣ ва Вазорати молияи ИМА Ҳамза ибни Лодин террористи байналмилалӣ эълон гардидааст. Падари ӯ соли 2011 дар натиҷаи як амалиёти хадамоти махсуси Амрико дар Покистон кушта шуд.

Моҳи июни соли 2016 наворе дар Интернет пахш шуд, ки гӯиё дар он Ҳамза ибни Лодин ИМА-ро барои куштори падараш таҳдид ва Вашингтонро ба саркӯби мусулмонҳо айбдор мекунад.

Коршиносон бар ин назаранд, ки Ҳамза ибни Лодин барои ба зимма гирифтани раҳбарии ал-Қоида омодагӣ мебинад.

XS
SM
MD
LG