Ссылки доступа

Соли 2016 дар Қирғизистон 21 сомонаро бастаанд


Соли 2016 дар Қирғизистон 21 сомона барои нашри матлабҳои дорои хусусиятҳои экстремистию террористӣ баста шудааст.

Ба иттилои Вазорати умури дохилии Қирғизистон, ҳамаи ин сомонаҳо бо қарори додгоҳ масдуд гардидаанд. Манбаъ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир додгоҳ масъалаи қатъи фаъолияти боз 8 сомонаи дигарро баррасӣ дорад.

Ҳамчунин дар робита ба баҳои фаъолияти 7 сомонаи дигар ба Додситонии кули ин кишвар дархост фиристода шудааст. Саҳифаи беш аз 20 корбари шабакаи иҷтимоии "Одноклассники" низ барои паҳни маводи экстремистӣ масдуд карда шудааст.

ВКД Қирғизистон афзудааст, ки ин иқдомҳо бо мақсади пешгирӣ аз паҳни ақидаҳои ифротгароӣ дар шабакаҳо гирифта мешавад.

XS
SM
MD
LG