Ссылки доступа

Дар Қазоқистон сабти ҷойи зисти муваққатӣ ҳатмӣ шуд


Аз ин ба баъд ҳар сокини Қазоқистон, ки ҷои зисти доимиашро беш аз як моҳ тарк мекунад, вазифадор аст, то дар Маркази хизматрасонии аҳолӣ оиди нишони муваққатӣ худро сабти ном кунад.

Ин қоида ҳам ба онҳое, ки бо ҳадафи кор кардан маҳалли зистро тарк мекунанд ва ҳам ба онҳое, ки бо ҳадафи табобати тӯлонӣ гирифтан дар бемористонҳои дуртар аз манзили зисташон бистарӣ мешаванд, дахл дорад. Дар сурати вайрон кардани ин қоида ҷарима пешбинӣ шудааст.

Сабти муваққатии ҷои зист, ба гуфтаи мақомоти Қазоқистон, ҳуқуқи шаҳрвандонро маҳдуд намекунад. Дар аксари кишварҳои ҷаҳон ин таҷриба ҷорист, зеро ба ин тартиб мешавад сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоиро ба танзим даровард.

XS
SM
MD
LG