Ссылки доступа

Сӯхтани бозори Сурхондарё 3 ҳазор тоҷирро варшикаста кард (видео)


Дар натиҷаи оташ гирифтани бузургтарин бозори либоси ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон -- "Ҳабиб" наздики се ҳазор одам аз ҷои кор маҳрум шуданд.

Ин иттилоъро маъмурияти бозори мазкур тасдиқ кард. Ба гуфтаи яке аз фурӯшандаҳои бозор, дар натиҷаи ин сӯхтор ҳудуди 1200 фурӯшгоҳ ба коми оташ рафтааст.

Сӯхтор шаби 19 ба 20 май дар бозори "Ҳабиб" ба амал омада, тавре манобеъ хабар медиҳанд, дар натиҷаи он 21 одам ҷароҳати сабук бардоштанд. Ба огаҳии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, расиши кутоҳи ноқилҳои барқ ба оташ гирифтани бозор сабаб гаштааст. Осебшумории ҳодиса идома дорад.

Фурӯшандаҳо мегӯянд, дар ҳоли ҳозир бозорро тоза карда истодаанд.

В Узбекистане дотла сгорел известный вещевой рынок
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:00:47 0:00

XS
SM
MD
LG