Ссылки доступа

Дар Манчестер вокзал баста шуда, пулис ашёи шубҳанокро тарконид


Таркиш дар толори консерти шаҳри Манчестери Англияро эҳтимолан маргталаб анҷом додааст. Бино бар хулосаи пешакии пулис, маргталаб дар танҳоӣ ин корро анҷом додааст. Дар натиҷа 22 одам кушта, 59 тани дигар захмӣ шуданд. Миёни кушташудаҳо кӯдакон низ ҳастанд.

Таркиш шаби 22 май - билофосила баъди анҷоми сурудхонии ситораи попи амрикоӣ Ариана Гранде рух дод. Анбуҳи мухлисонро ҳарос фаро гирифт.

Ашёи шубҳанокеро, ки баъди таркиш дар наздикии вокзали Виктория пайдо шуд, пулис тарконид. Аммо маълум шуд, ки он ашё бомба набудааст. Сокинон аз минтақаи хатарнок кӯч дода ва ҳаракати қаторҳо манъ шуд.

Сарвазири Бритониё Тереза Мэй ба наздикони қурбоншудаҳо изҳори ҳамдардӣ кард. Дар робита ба ин фоҷиа ҳизби муҳофизакори Мэй ва дигар ҳизбҳои сиёсӣ маъракаи таблиғи интихоботиро қатъ карданд.

Теракти Манчестер баъди таркишҳои метрои Лондон дар соли 2005, ки 52 қурбонӣ дошт, бузургтарин таркиш унвон мешавад.

XS
SM
MD
LG