Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон қариб нисфи аҳолӣ ба оби ошомиданӣ дастарӣ надорад


Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки тибқи таҳлилҳои ахир ҳамагӣ 57 дарсади аҳолии Тоҷикистон ба оби ошомиданӣ дастрасӣ доранд ва боқимонда -- 43 дарсад ва ё тақрибан нисфи аҳолии кишвар аз оби ошомиданӣ маҳрум ҳастанд.

Тағоймурод Исломзода, раҳбари корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзили коммуналӣ”-и Тоҷикистон рӯзи 23-юми май дар як ҳамоиш, ки бо ширкати мақомоти тоҷик ва намояндагони созмонҳои байналмилӣ дар Душанбе оғоз шуд, гуфт, ки бинобар таҳлилҳои ахир, барои пурра таъмин кардани аҳолии кишвар бо оби ошомиданӣ, 2 миллиард доллар зарур аст.

Аммо вай гуфт, ки Тоҷикистон ба танҳоӣ имкони пайдо кардани ин маблағро надорад ва аз ин рӯ, аз созмонҳои коршарики Тоҷикистон даъват кард, ки дар амри бунёди хутути об, кӯмак кунанд.

Ба гуфтаи Исломзода, танҳо бо кӯмаки сармоягузорони хориҷӣ ва донорҳо бештар аз 1 миллион 200 ҳазор аҳолии шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Гулистон, Бӯстон, Хоруғ ва Истиқлол метавонанд ба оби ошомиданӣ дастрасӣ ёбанд.

Бино бар иттилои СММ, дар ҳоли ҳозир бештар аз 1 миллиард сокини сайёра аз оби ошомиданӣ маҳрум буда, бештар аз 2 миллиард сокини дигар ба назофату беҳдоштӣ дастрасӣ надоранд.

XS
SM
MD
LG