Ссылки доступа

Ироқиҳоро дар Қирғизистон айбдор донистанд, аммо аз толори додгоҳ раҳо карданд


Дар додгоҳи вилоятии Ӯши Қирғизистон муҳокимаи чаҳор шаҳрванди Ироқ, ки дар убури ғайриқонунии марз айбдор мешаванд, баргузор гардид. Шаҳрвандони Ироқ аз толори додгоҳ озод шуданд. Дар ин бора роҳбари маркази ҳомии ҳуқуқ "Килим шамӣ" Азиза Абдирасулова хабар медиҳад.

Додгоҳ ироқиҳоро дар убури ғайриқонунии марз айбдор дониста, ба 1 соли зиндон маҳкум кард. Аммо бо назардошти он ки онҳо 7,5 моҳ дар СИЗО нигаҳдорӣ шуданд, додгоҳ эшонро аз толор озод кард. Дар ҳамин ҳол, Азиза Абдирасулова мегӯяд, шаҳрвандони Ироқ бояд сафед карда мешуданд.

Чаҳор шаҳрванди Ироқ моҳи октябри соли гузашта боздошт шуданд. Қозӣ Мансур бо ҳадафи расидан ба Олмон шаҳри Докуҳи Ироқро ҳамроҳ бо ду бародарзодааш тарк кард. Дар шаҳри Истамбули Туркия миёнаравон ба ду ҳамроҳи Қозӣ Мансур шиносномаҳои литвонӣ омода карда, онҳоро ба шаҳри Ӯш фиристоданд. Аз Ӯш онҳо мебоист ба Москва парвоз карда ва аз он ҷо ба Олмон мерафтанд. Дар Москва ба дасти пулис афтоданд ва бозпас ба Ӯш фиристода шуданд.

Дар Ӯш нисбати ироқиҳо парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, додгоҳи шаҳрӣ ҳар кадоми онҳоро 10 ҳазор сомӣ (муодили 1000 сомонӣ) ҷарима баст. Айбдоркунандаи давлатӣ аз болои қарори додгоҳ шикоят бурд ва дар натиҷа додгоҳи вилоятии Ӯш шаҳрвандони Ироқро зиндонӣ кард.

Додгоҳи олии Қирғизистон қарори додгоҳи вилоятии Ӯшро бекор ва парвандаро барои бозбинӣ ба зинаи поёнии додгоҳ фиристод.

XS
SM
MD
LG