Ссылки доступа

Шаҳрванди Қазоқистон барои наворҳои тундгароёнааш дар Ӯзбекистон боздошт шуд


Виталий Ненченко, шаҳрванди 37-солаи Қазоқистонро барои нигаҳдории наворҳои тундгароёна ҳадди ақал 5 соли зиндони Ӯзбекистон таҳдид мекунад.

Охири моҳи май ин мард ҳамроҳи ҳамсар ва духтараш барои аёдати хешовандон ба шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд ва Бухорои Ӯзбекистон рафт. Аммо дар марз ӯро боздошт карданд. Кормандони гумрук дар телефони ҳамроҳи Ненченко наворҳоеро пайдо карданд, ки гӯё хусусияти тундгароӣ доштаанд.

Бештар аз як ҳафта шаҳрванди Қазоқистон дар боздоштгоҳи Ӯзбекистон нигаҳдорӣ шуд. Ҳоло мақомоти ӯзбек телефони Ненченкоро мусодира ва худи ӯро раҳо кардаанд. Ин ҷуфти қазоқ сафарро дар дохили Ӯзбекистон идома дод, аммо бо гузашти чанд рӯз мақомот мардро дубора ба "суҳбат" даъват карданд.

"Мо ин муддат танҳо мунтазир будем. Ба мо гуфтанд, ки ҷарима пардозед. Мо бовар кардем. Вале 28 май ӯро барои суҳбат бо додситон даъват карданд. Виталий аз он ҷо тамос гирифту гуфт, ки вакил пайдо кун ва ба назди ман биё", - мегӯяд ҳамсари Ненченко.

Дар ниҳоят, шаҳрванди Қазоқистон дар интиқоли навори тундгароёна тавассути марз айбдор ва боздошт шуд. Дипломатҳои қазоқ вориди қазия шуданд.

XS
SM
MD
LG