Ссылки доступа

Трамп роҳбари нави FBI-ро муайян намуд


Президенти ИМА Доналд Трамп вакили дифоъ Кристофер Рэйро мудири нави Бюрои федеролии тафтишот ё FBI таъйин намуд. Интизор меравад, номзадии Рей аз тарафи ҳарду ҳизби Сенат пуштибонӣ хоҳад ёфт.

Трамп бе он ки бо ҳамҳизбиёнаш дар Конгресс машварат кунад, қарори худро дар Твиттер эълом дошт.

Аз соли 2003 то 2005 Кристофер Рэй сардори Кумитаи тафтишотии вобаста ба Додситонии кулли Амрико буд. Пештар ҳамчун додситон дар ифшои шабакаи марбут ба ҳамлаҳои 11 сентябри соли 2001 ва таҳқиқи парвандаи раҳбарони фосиди ширкати Enron, ки худро варшикаста эълон карда буданд, даст дошт. Дар солҳои адвокатияш ҳокими аёлати Ню Ҷерсӣ Крис Кристӣ аз муштариёни ӯ будааст.

Рэй дар мақоми мудири FBI Ҷеймс Комиро иваз мекунад, ки бо фармони президент Трамп 9-уми май аз вазифа барканор шуд. Рӯзи панҷшанбе Комӣ дар Кумитаи кашфи Сенат дар чаҳорчӯби тафтиши мудохилаи эҳтимолии Русия ба интихоботи президентии ИМА баёнот медиҳад.

XS
SM
MD
LG