Ссылки доступа

Дар Қирғизистон як террористи маргталаб боздошт шудааст


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 6 июн шаҳрванд М.А. - ро боздошт кард, ки ҳамчун узви як созмони байнулмилалии ваҳшатафкан дар ҳоли таҳияи ҳамлаи террористӣ буд.

Ба огаҳии кумита, ин нафар ҳамчун маргталаб омӯзиш дида, бомбаи худсохтро омода мекард, то худро дар маҳалли ҷамъомади одамон тарконад.

Дар изҳороти Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон гуфта мешавад, ки аз манзили гумонбари боздоштшуда, маводи тарконанда, дастури сохтани бомб, норинҷаки дастӣ, тирҳои гуногунқутр, наворҳои садо ва видеоӣ ва ҳамчунин адабиёти тундгароёна кашф ва мусодира шудаанд.

Дар ҳоли ҳозир 20 созмон дар Қирғизистон террористӣ эълон шуда, фаъолияти онҳо дар қаламрави ин кишвар манъ аст. Бар пояи гузоришҳои Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон ҳоло наздик ба 600 шаҳрванди ин кишвар дар Сурия ва Ироқ меҷанганд.

XS
SM
MD
LG