Ссылки доступа

Назарбоев ояндаи Қазоқистонро ба Чин бастагӣ дод


Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар дидор бо раҳбари Чин Сӣ Ҷинпин да Остона изҳор дошт, ки ояндаи кишварашро ба Чин пайванд медиҳад. Вай Чинро на танҳо “ҳамсояи наздик”, балки “дӯст ва шарик”-е номид, ки бо он “муносибатҳои боварбахш” роҳандозӣ шудаанд.

Назарбоев афзуд, ки байни ду кишвар масъалаҳои ҳалношуда вуҷуд надорад ва "Чин дар иқтисод ва сармоягузории мустақим, қарздиҳӣ ва бунёди корхонаҳои муштарак ба коршарики асосии Қазоқистон табдил ёфтааст". Вай энергетикаро соҳаи меҳварии ҳамкориҳои ду кишвар хонд ва гуфт, ҳоло 25 дарсади нафти Қазоқистонро ширкатҳои чиноӣ истихроҷ мекунанд.

Раҳбари Қазоқистон изҳор дошт, ки кишвараш хостори аз Чин ба Қазоқистон кӯчондани 51 корхонаи тавлидотист. Назарбоев дар ин замина аз тарҳи "Як камарбанд – як роҳ" пуштибонӣ намуд ва онро ҳамнавои барномаи қазоқии "Роҳи нуронӣ" донист.

XS
SM
MD
LG