Ба огаҳии пулиси Киев, таркиш дар бинои сафорати Амрико дар ноҳияи Шевченкои пойтахти Украина наздикиҳои нимишабӣ рух додааст.
“Муфаттишон ошкор карданд, ки шахси номаълум як дастгоҳи мушаххаснашудаи таркандаро ба дохили сафорат партофтааст», - гуфта мешавад дар изҳороти раёсати умури дохилии Киев, ки низ меафзояд, ба пажуҳиши воқеа оғоз кардааст.
Намояндагони сафорат алҳол воқеаро шарҳ надодаанд.