Ссылки доступа

Эълони ҳашари умумӣ пеш сафари президенти Ӯзбекистон ба вилояти Тошканд


Раёсати маорифи халқии вилояти Тошканди Ӯзбекистон пеш аз сафари президент Шавкат Мирзиёев ба ин вилоят ҳашари умумии "10 рӯзи зарбдор" эълон кардааст.

Дар мактуби раёсати маорифи халқӣ омадааст, мудирони мактабҳо бояд "омӯзгоронеро, ки дар мулоқот бо президент суханронӣ мекунанд, омода намоянд", гулу райҳон шинонанд, дарахтони ҳудуди мактабҳоро ба тартиб дароранд ва инчунин ҳоҷатхонаҳои мактабҳоро тоза созанд.

Омӯзгори яке аз мактабҳои ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканд мегӯяд, барои таъмир ва бо ашёҳои лозимӣ муҷаҳҳаз кардани ҳар кадом синфхона аз 120 то 180 доллари ИМА лозим аст. "Ба ҷуз ин моро вазифдор кардаанд, ки дар ҷамъоварии ғалладона ширкат кунем ва барои чидани пахта маблағ ёбем. Ҳамаи ин ба ҷонамон задааст. Онҳо омӯзгоронро ба сиёҳкорони воқеӣ табдил додаанд", - мегӯяд омӯзгор.

Як омӯзгори дигар аз мактаби ноҳияи Оҳангарони вилояти Тошканд нақл мекунад, ки мудири мактаб аз мактаби дигар таҷҳизоти лозимиро иҷора гирифтааст. "Дар мактаб ҳеч навъи ашёи хониш нест. Ҳоло мо аз мактаби ҳамсоя ин ашёҳоро меорем. Барои синфхонаи кимиё ҷевон, мизу курсӣ овардем", - гуфт омӯзгор.

XS
SM
MD
LG