Ссылки доступа

Фаъолияти DHL, TNT, UPS ва Pony Express дар Тоҷикистон боздошта шуд


Дар Тоҷикистон фаъолияти почтаҳои байналхалқии DHL, TNT, UPS ва Pony Express муваққатан боздошта шуд.

Як масъули DHL гуфт, аз 8-уми июн дигар ҳаққи қабул ва ирсоли номаҳои сокинонро надоранд. "Рӯзи гузашта номаи расмии Хадамоти алоқа дастрас шуд, ки то замони сабтиноми дубора кор карда наметавонем. Дар нома омадааст, ки мо бояд иҷозатномаи фаъолият бигирем. Пештар муроҷиат карда будем, вале ҷавобе нагирифтаем. Ҳоло аз фардо бояд кор накунем", - афзуд ӯ.

Илҳом Атоев, як масъули Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, қатъи мувақаттии кори почтаҳои байналмилалиро дар кишвар ба иҷрои қароре рабт дод, ки ҳанӯз моҳи феврали имсол қабул шудааст. Ин қарор ширкатҳои муросилотиро муваззаф мекунад, ки барои фаъолияташон дар ҳудуди кишвар иҷозатнома бигиранд. “Мактуби Хадамоти алоқа барои муваққатан қатъ кардани кори ин ширкатҳо тибқи қонун аст. Ин барои иҷро ва риояи қонунҳои Тоҷикистон аст. Ширкатҳо тибқи қонунгузории Тоҷикистон бояд барои гирифтани иҷозатномаи фаъолият ба Хадамоти алоқа муроҷиат кунанд”, - шарҳ дод ӯ.

То он замон фаъолияти почта дар кишвар бе муҷаввиз ва ё литсензия амалӣ карда мешуд. Ҳоло масъулияти додани муҷаввиз ба фаъолияти почтаҳо бар ӯҳдаи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон вогузор шудааст.

XS
SM
MD
LG