Ссылки доступа

Дар Остона саммити СҲШ шуруъ мешавад


Имрӯз дар шаҳри Остонаи Қазоқистон саммити Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) бо ширкати сарони кишварҳои узв ба кор шуруъ мекунад.

Мақомоти Қазоқистон саммити мазкурро "таърихӣ" унвон карданд.

Зимнан, дар саммити мазкур Ҳинду Покистон ба ҳайси аъзои комилҳуқуқи СҲШ пазируфта мешаванд. Дар поёни мулоқот чанд ҳуҷҷат, аз ҷумла қатъномаи Остона қабул мегардад.

Дар ҳоли ҳозир Қазоқистону Тоҷикистон, Қирғизистону Ӯзбекистон ва Чину Русия узви СҲШ ҳастанд. Барои ширкат дар Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ ба Остона президенти Чин Си Ҷинпин ворид шуд. Интизор меравад, Владимир Путин ҳам дар давоми рӯз ба Остона расад. Ин ду президент дар маросими кушодашавии намоишгоҳи байналхалқии ЭКСПО-2017 дар Остона ширкат мекунанд.

XS
SM
MD
LG