Ссылки доступа

Хадамоти амнияти Қирғизистон паёми видеоии «ҷиҳодӣ»-ро таҳқиқ мекунад


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон тафтиши як паёми видеоиро оғоз кард, ки дар он шахси низомипӯш ва силоҳбадаст аз модараш узрхоҳӣ мекунад.

Бино бар хабари намояндаи расмии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Роҳат Сулаймонов, хадамоти махсус мехоҳад, ҳақиқати ин наворро озмояд ва шахси паёмдиҳандаро ошкор кунад.

Дар навор шахсе, ки рӯяшро пӯшондааст ва автомат дар даст дорад, ба забони қирғизӣ мегӯяд: «Модар, ман, аз афташ, зинда намемонам. Маро бахшед, ки ғалат кардам, ба ин ҷо омадам. Онҳо кӯдакони бегуноҳро мекушанд ва занонро таҷовуз мекунанд». Дар ҳамин ҳол аз навор садои тирандозиҳо ба гӯш мерасад.

Ин навор кай ва дар куҷо гирифта шудааст, маълум нест, аммо паҳн шудани он дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзҳои охир валвалаеро бапо кардааст. Бархе аз корбарон ин нафари низомипӯшро «ҳунарпешаи хуб» номидаанд.

Бар пояи гузоришҳои Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон ҳоло наздик ба 600 шаҳрванди ин кишвар дар Сурия ва Ироқ меҷанганд.

XS
SM
MD
LG