Ссылки доступа

HRW аз Гутерриш баррасии ҳуқуқи инсонро дар Осиёи Марказӣ хост


Ҳомиёни ҳуқуқи инсон аз Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш хостанд, дар ҷараёни сафари шашрӯзааш ба давлатҳои Осиёи Марказӣ вазъи ҳуқуқи башарро дар ин минтақа баррасӣ кунад.

Ба ақидаи Дидбони Ҳуқуқи Башар ё HRW, раҳбари Созмони Милал бояд аз сарони Осиёи Марказӣ беҳбуди мушаххас, аз ҷумла қатъи шиканҷа, худдорӣ аз саркӯби тазоҳурот ва поёни фишор ба озодии баёнро талаб кунад.

Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, сафари Гутерриш ба Тоҷикистон дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки нақзи ҳуқуқи инсон дар ин кишвар ба баландтарин нуқтаи худ дар ду даҳсолаи ахир расидааст. Дар ин ҷо сар аз соли 2015 бо эълони манъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) садҳо фаъолон ва ҳуқуқшиносон бо айбномаҳои гуногун зиндонӣ шуда, ҳуқуқи инсон зери фишори густарда қарор дорад.

Ба диди HRW, Гутерриш бояд аз Қазоқистон даъват кунад, ки ним соли оянда дар Шӯрои Амнияти Созмони Милалро барои муҷозоти поймолкунандагони ҳуқуқи инсон истифода барад. Дар изҳороти HRW гуфта мешавад, ки бо вуҷуди озодии як қатор аз маҳбусони сиёсӣ дар Ӯзбакистон баъд аз ба қудрат расидани президент Мирзиёев, вазъи ҳуқуқи инсон ба сурати умум беҳбуд надидааст.

Дидбони Ҳуқуқи Башар аз Гутерриш хостааст, диққати мақомоти Қирғизистонро ба вазъи ҳомии ҳуқуқ Азимҷон Аскаров ҷалб кунад, ки баъд аз даргириҳои қавмии соли 2010 дар Ӯш ба ҳабси абад маҳкум шуд.

XS
SM
MD
LG