Ссылки доступа

Чину Қазоқистон ба густариши ҳамкориҳо қадам ниҳоданд


Қазоқистон ва Чин дар ҷараёни сафари раҳбари Чин Сӣ Ҷинпин ба Остона чанд созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расонданд. Ҷинпин бо президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мулоқот кард ва дар нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай ширкат меварзад.

Қазоқистону Чин бархе аз анвои даромадҳои Фонди муштараки ҳамкориҳои тавлидотиро аз андоз озод карданд. Ин ниҳод бо сармоягузориҳои мустақими Чин дар Қазоқистон машғул аст. Дар дидор бо раҳбари Чин Назарбоев изҳор дошт, ки кишвараш хостори аз Чин ба Қазоқистон кӯчондани 51 корхонаи дигари тавлидотист.

Санади дигари имзошуда аз созишномаи бунёди сарбанди зидди сели Чуқурбулоқ дар рӯдхонаи Хоргос аст, ки низ аз сармоягузории Чин иборат хоҳад буд.

Ду кишвар ҳамчунин дар соҳаи тавлиди филм қарордод имзо карданд. Ба ғайр аз ин Чин ба Вазорати маориф ва илми Қазоқистон абаркомпютер ҳадя мекунад ва ширкати радиову телевизиони Қазоқистон бо шабакаи телевизионии CCTV ҳамкорӣ ба роҳ хоҳад монд.

8 июн вазири энержии Қазоқистон Қанат Бозумбоев ва раиси шӯрои мудирони ширкати миллии нафту гази Чин (CNPC) Ван Илин бо имзои як ёддошт созишномаҳои истихроҷ ва коркарди захираҳои табииро барои се соли дигар дароз карданд.

Раҳбари Чин Сӣ Ҷинпин дар маросими кушоиши намоишгоҳи байнулмилалии EXPO дар Остона ширкат хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG