Ссылки доступа

Мақомот ба муассиси "Рустамбонк" ваъдаи кӯмак доданд


Рустам Усмонов, соҳибкор ва муассиси нахустин бонки хусусии "Рустамбонк" гуфт, кормандони додситонии кулли Ӯзбекистон ваъда доданд, ки барои машғул шудан ба соҳибкорӣ ба ӯ кӯмак мерасонанд.

Ин тоҷир баъди 19 соли зиндон 14 феврали имсол ба озодӣ баромад. Усмонов дар як мактубаш ба президенти ин кишвар шикоят кард, ки "нафаре бо номи Дилшод Исмоилов худро корманди дастгоҳи президент муаррифӣ карда, аз вай 60 миллион доллари ИМА рӯёнидааст".

Рустам Усмонов мегӯяд, вай бо кормандони масъули додситонӣ суҳбат доштааст ва ваъдаи кӯмак низ дарёфт кардааст. Ба гуфтааш, вай барномаҳои тиҷориашро таҳия карда, омодааст, ки то 400-500 нафарро бо ҷои кор таъмин намояд.

Рустам Усмонови иқтисодшинос соли 1948 дар шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон таваллуд шудааст. Вай соли 1987 тиҷораташро дар Ӯзбекистон шуруъ кард.

Ин соҳибкор соли 1992 "Рустамбонк"-ро таъсис дод. Бо гузашти чанде президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов ӯро зери назар гирифт. 19 октябри соли 1998 додгоҳи вилоятии Андиҷон Рустам Усмоновро бо айби қаллобӣ ва хариду фурӯши ғайриқонунии асъори хориҷӣ 14 сол зиндонӣ кард. Чанд рӯз пеш аз адои муҳлати зиндон бо баҳонаи вайрон кардани тартиботи дохили маҳбас муҳлати зиндони вай 5 соли дигар тамдид шуд.

XS
SM
MD
LG