Ҷӯрахон Маҷидзода, вакили тоҷик дар ҷаласаи порлумонӣ гуфт, “айни ҳол дар Тоҷикистон қариб 3 миллион корбари шабакаи Интернет мавҷуд буда, зиёда аз 80 фоизи онҳо ҳадафмандона ва ё ғайриихтиёр тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба маводи дорои хусусияти террористӣ дастрасӣ пайдо менамоянд".
Аммо Муҳаммадӣ Ибодуллоев ин маълумотро “муболиғаомез” хонд. Вай мегӯяд, мумкин аст, ин рақам дар ҳадди то 5 дар сад ҳам набошад.
Маҷидзода дар ҷаласаи рӯзи чаҳоршанбеи порлумонӣ бо такя ба Фонди ҷамъиятии ташаббуси шаҳрвандӣ ва сиёсати Интернет дар Тоҷикистон гуфт, "хадамоти таблиғотии созмони экстремистиву террористии “Давлати исломӣ” ба унвони шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо даъвати пайвастан ба ин созмон ҳамарӯза беш аз 90 ҳазор паёмак ирсол мекунанд".
Вале Ибодуллоев мегӯяд, агар ҳафрҳои вакил воқеият дошта бошанд, “дар ин сурат 2,4 миллион истифодабарандаи Тоҷикистон гӯё аз шабакаҳои Интернет иттилои террористиву ифротгароӣ дарёфт кардаанд. Агар дар ин замина назарсанҷӣ анҷом шавад, нодуруст будани ин маълумот рӯшан хоҳад шуд”.
Ибодуллоев дар идома гуфт, дар мавриди рақами 80 дар сад “сӯитафоҳум” рух додааст. “Дар Маркази таҳқиқоти стратегӣ ду дафъа ширкат карда ва гуфта будем, ки 84 фоизи ҷавононе, ки ба гурӯҳи ДИИШ пайвастаанд, аз тариқи шабакаи Интернет ҷалб шудаанд”, - меафзояд Муҳаммадӣ Ибодуллоев.