Ссылки доступа

Вакили Трамп ҳарфҳои Ҷеймс Комиро рад кард


Мудири пешини Бюрои федеролии тафтишоти ИМА ё FBI Ҷеймс Комӣ мегӯяд, президент Доналд Трамп вақте гуфт, ки FBI "мушкили зиёд" дорад, "дурӯғ" гуфта буд.

Комӣ ҳамчунин бо боварӣ афзуд, ки Трамп ӯро барои роҳандозии таҳқиқоти робитаи афроди расмии амрикоӣ бо намояндагони баландпояи Русия, аз мақом барканор кардааст.

Ҷеймс Комӣ, ки 8 июн дар кумитаи иктишофии сенати ИМА суханронӣ мекард, гуфт, ба бовари вай, таҳқиқи робитаҳо бо Русия Трампро "ба хашм" овард ва ин боиси барканории мудири FBI шуд.

Вакили дифои шахсии президент ба таври фаврӣ суханони мудири пешини FBI-ро рад кард. Марк Касовитс, вакили Трамп худи Комиро бо он айбдор кард, ки вай "асрори махфӣ"-ро дар бораи мулоқоташ бо роҳбари давлат ошкор кардааст.

Шоҳидии Ҷеймс Комӣ дар ҷаласаи сенат дар авҷи бесарусомониҳои сиёсие, ки Кохи сафедро фаро гирифтааст, нуктаи муҳиме дониста мешавад. Кумитаи иктишофии сенати Амрико мехоҳад таҳқиқ кунад, ки Трамп дар воқеъ мехост монеи таҳқиқоти FBI шавад ё на.

XS
SM
MD
LG