Ссылки доступа

Ҷаримаи як сокини Қазоқистон барои "омин"-и баланд дар намоз


Додгоҳи маъмурии шаҳри Урали Қазоқистон сокини чиҳилсолаи маҳаллӣ Мурод Муханбетовро барои он ки моҳи декабри соли гузашта дар масҷиди марказӣ ҳангоми адои намоз "омин"-ро бо садои баланд гуфтааст, ҷарима баст.

"Муханбетов тартиботи диниро вайрон карда, бо ин амалаш монеи иҷрои талаботи шариат шуда, беэҳтиромӣ зоҳир намудааст", - омадааст дар қарори додгоҳ. Додгоҳ ин мардро каме бештар аз 250 доллари ИМА ҷарима баст.

Дар ҳамин ҳол, додгоҳ хабар медиҳад, ки Муханбетов "пайрави ҷараёни харобкори мазҳабӣ", - яъне салафия аст. Аммо Муханбетов ин айбро рад мекунад. Вай мегӯяд, омодааст, ки ҷаримаро пардозад, вале айни ҳол имкони молӣ надорад.

Дар масҷидҳои Қазоқистон тарзи "омингӯӣ"-и намозгузоронро назорат мекунанд. Маъмулан пайравони ҷараёни салафия "омин"-ро бо садои баланд адо менамоянд.

XS
SM
MD
LG