Ссылки доступа

Мирзиёев хостори муносибатҳои «бе марз» бо Қирғизистон шуд


Раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз ҳамтои қирғизи худ Алмосбек Отамбоев даъват кард, ки бо сафари расмӣ меҳмони Ӯзбекистон шавад. Вай дидору гуфтушунидҳояшро бо раҳбари Қирғизистон судманд ва самарабахш унвон кард.

Ду президент дар ҳошияи нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Остона мулоқот карданд. Мирзиёев ишора кард, ки пас аз сафари Отамбоев ба Самарқанд равобити миёни ду кишвар рӯ ба густариш ниҳода, гардиши мол ва тамосҳо дар марз бештар шудаанд. «Дар куҷое, ки бо ҳам вохӯрем, ҳама корро мекунем, ки ҳаракат ба пеш идома ёбад,» - гуфт ӯ.

Шавкат Мирзиёев аз ҳамтои қирғизи худ хост, ба Тошканд сафари расмӣ анҷом диҳад, то заминаҳои густариши робитаҳо фарохтар гардад. «Агар мо ҷомеаҳои соҳибкории ду кишварро бо ҳам муттаҳид кунем, амалан ба комёбиҳои ҷиддӣ даст хоҳем ёфт. Муҳимтар аз ҳама мо бояд тавре кунем, ки дар байнамон сарҳаде вуҷуд надошта бошад, марзҳои мо ба рӯйи ҳамдигар боз бошанд», - таъкид кард раисиҷумҳури Ӯзбекистон.

Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев бо сипос аз даъват гуфт, омодааст, бо талошҳои ҳамаҷонибаи муштарак муносибатҳои байни ду кишварро дар риштаҳои калидӣ густариш диҳад.

Ду раҳбар ба ниҳодҳои марбутаи кишварҳои худ дастур доданд, ки ҳалли масъалаҳои таъйин ва аломатгузории марзҳои давлатиро тезонанд.

XS
SM
MD
LG