Ссылки доступа

Табибони тоҷик барои таблиғи доруҳо муҷозот мешаванд


Вазорати беҳдошт ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба табибон дастур додааст, ки ҳамкорӣ бо ширкатҳои доруфурӯширо қатъ кунанд.

Табибони тоҷик мегӯянд, тибқи дастур сар аз моҳи июн, минбаъд онҳо ҳаққи бастани қарордоди инфиродӣ бо ширкатҳои доруфӯрӯширо надоранд ва набояд маҳсулоти ширкати хосеро ба беморон таблиғ кунанд.

Салим Абдулазизов, сардори Раёсати фарматсия ва молҳои тиббии вазорати тандурустӣ дар шарҳи дастури нав гуфт, пас аз қувваи қонунӣ гирифтани Кодекси тандурустӣ, тамоми ҳамкориҳои табибон бо ширкатҳои фармасевтӣ, таблиғи маҳсулоти дорувории онҳо манъ аст. Бар асоси Кодекси нав, табибон ва ширкатҳо барои чунин ҳамкорӣ то 8 ҳазор сомонӣ ҷарима таҳдид мекунад. Дар сурати зиён дидани муштарӣ аз доруи таблиғшуда аз 2 то се 5 сол зиндон низ пешбинӣ шудааст.

Маҳмадалӣ Давлатов, муовини раиси Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ пештар аз ин хабар дода буд, хадамот 12 табибро, ки беморонро ба хариди дору аз дорухонаҳои мушаххас маҷбур мекарданд, ҷарима баст.

Содиркунандагони аслии доруворӣ ба Тоҷикистон Русия, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Белорус, Украина, Покистон ва Чин аст. Тоҷикистон ширкатҳои бузурги истеҳсоли доруворӣ надорад. Танҳо 27 ширкати хурд ба тавлиди чанд доруи сода, мисли глюкоза, метрогил ва витаминҳои гуногун қодиранд, ки дар бозори дохилӣ масраф мешавад.

XS
SM
MD
LG