Ссылки доступа

Назарбоев: Ҳинд ва Покистон ба Созмони Шанхай «ҷони нав» медаманд


Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар расми ифтитоҳи нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай 9 июн дар Остона гуфт, ин ҳамоиш оғози «таърихи нави созмон» хоҳад буд.

Интизор меравад, ки дар ҳамоиши Остона Ҳинд ва Покистон ба аъзои комилҳуқуқи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай табдил меёбанд. Алҳол Русия, Тоҷикистон, Чин, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон узви онанд.

Назарбоев гуфт, узвияти Ҳинд ва Покистон ба Созмони Шанхай «ҷони нав» хоҳад дамид ва ба афзоиши «обрӯи байнулмилалии он» сабаб хоҳад гашт.

Дар ҳамоиши Остона эъломияи муштараки мубориза бо терроризм ва тундгароӣ ба имзо расида, раёсати даврии созмон аз Қазоқистон ба Чин мегузарад. Раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бори аввал дар чунин нишаст ширкат мекунад. Аз Ҳинд ва Покистон сарвазирони ин кишварҳо намояндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG