Ссылки доступа

Пулиси Қирғизистон моҷарои марбут ба донишҷӯёни хориҷиро дар Норин таҳқиқ мекунад


Раёсати умури дохилии вилояти Норини Қирғизистон дар робита ба моҷарои миёни сокинони маҳаллӣ ва донишҷӯёни хориҷии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо айбномаи «авбошӣ» парвандаи ҷиноӣ боз намуд

8 июн дар назди яке аз биноҳои таълимии донишгоҳ наздики 100 нафар аз сокинони маҳаллӣ гирдиҳамоӣ карда, ихроҷи бархе аз донишҷӯёни хориҷии онро талаб намудаанд. Ҷавонони маҳаллӣ моҳи гузашта бо донишҷӯён дар толори варзишии донишгоҳ баскетболбозӣ карданд. Дар рафти бозӣ байни ду тараф муноқиша бархоста, ба гуфтаи бумиён, доиишҷӯён, ки қоидаҳои бозиро поймол карда буданд, мусолиҳа накарданд ва носазо гуфтанд. Тарафи дувум алҳол аз шарҳи моҷаро худдорӣ мекунад.

Бо гирдиҳамомадагон намояндаи комилҳуқуқи ҳукумат дар вилояти Норин Амонбой Кайипов ва раҳбарони донишгоҳ мулоқот карданд. Гуфтугӯ дар дохили донишгоҳ идома ёфт. Баъд аз он ки донишҷӯёни шарик дар моҷаро узр пурсиданд, ҷамъомадагон пароканда шуданд.

Хадамоти амнияти дохилии пулис таҳқиқи амалкарди кормандони умури дохилии Норинро сар кардааст.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Норин соли гузашта боз шуд ва ҳоло дар он 71 донишҷӯ аз Қирғизистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Афғонистон ва Покистон таҳсил мекунанд.

XS
SM
MD
LG