Ссылки доступа

Дар Туркманистон аз қатъи имтиёзҳо нигаронанд


Қарори ҳукумати Туркманистон дар бораи қатъи имтиёзҳои иҷтимоӣ миёни сокинон ва нозирони маҳаллӣ нигаронӣ ба бор овардааст.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон ба ҳукуматаш дастур дод, ки имтиёзҳои иҷтимоиро бекор кунад. Президент гуфт, имтиёзҳо - аз ҷумла, обу барқу газ ва намаки ройгон бояд танҳо барои табақаи ниёзманди аҳолӣ боқӣ монад.

Фарид Тухбатуллин, ҳомии ҳуқуқи маҳаллӣ мегӯяд, қатъи имтиёзҳо бештар аз ҳама ба вазъи зиндагии вилояти Дашоғуз таъсир мерасонад. Зеро ин вилоят аз ҷиҳати иҷтимоӣ, саноатӣ ва иқтисодӣ қафомонда аст ва имтиёзҳои иҷтимоӣ барои аҳолӣ кӯмаки ба мавриде буданд. Тухбатуллин мегӯяд, аксари сокинони вилояти мазкур кори доимӣ надоранд ва аз ҳисоби даромадҳои муваққатӣ рӯз мегузаронанд.

Аманмирад Бугаев, шореҳ аз шаҳри Ишқобод мегӯяд, қатъи имтиёзҳо ба паст шудани сатҳи зиндагии сокинон боис мегардад.

Имтиёзҳо иҷтимоӣ дар Туркманистон соли 1993 аз тарафи президенти нахустини ин кишвар Сафармурод Ниёзов барои тамоми аҳолӣ муқаррар шуданд ва тибқи онҳо об, газ, барқ ва намак барои шаҳрвандон ройгон буд. Дертар қонуне ба тасвиб расид, ки бар пояи он аҳолии Туркманистон то соли 2030 мебоист аз ин имтиёзҳо бархӯрдор мебуд.

XS
SM
MD
LG