Ссылки доступа

Китобҳои Эмомалӣ Раҳмон - аз пурфурӯштарин китобҳои мағозаҳо (видео)


Дар китобфурӯшиҳои Душанбе асарҳои Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва асарҳое, ки ба ҳаёту кори ӯ бахшида шудаанд, аз китобҳои серхаридортарин ба шумор мерафтаанд.

Китобфурӯшон мегӯянд, дар як соли ахир, ба ҷуз аз моҳи август ва сентябр, ки сокинон китобҳои дарсӣ мехаранд, бештар асарҳои Эмомалӣ Раҳмонро суроғ мекунанд.

Абуалӣ Умарзода, масъули Маркази китобфурӯшии “Ошёни Дониш” гуфт, ҳамарӯза то даҳ китоби таърихӣ мефурӯшад, ки аксарашон китобҳои президенти кишвар ҳастанд.

Эмомалӣ Раҳмон, ки 25 сол боз шахси аввали Тоҷикистон аст, зиёда аз 20 китоб дар бораи таърихи тоҷикон ва забони тоҷикӣ нашр кардааст. Китобҳои ӯ бо сифати баланд ва бо теъдоди зиёд нашр шуда, аз 40 то 80 сомонӣ нарх доранд. Китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” аз ҳама китобҳои ӯ нархи баландтар дорад. Ин китоб таърихи тоҷиконро аз қадим то охири асри 19 инъикос кардааст.

Ин китобфурӯш мегӯяд, дар бисёре аз донишгоҳҳои кишвар гӯшаи китобҳои “Пешвои миллат” таъсис шудааст ва эҳтимол донишҷӯёну омӯзгорон барои он гӯша китоб мехаранд.

Коршиносон нигаҳ доштану хондани китобҳои президент ва овардани иқтибос зимни суханрониҳоро намоиши садоқат ба раҳбари давлат арзёбӣ мекунанд. Хурсанд Хуррамов, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, дар ҷомеаҳое мисли Тоҷикистон тамаллуқ задан зинае барои боло рафтан дар мансаб аст. Ӯ гуфт, нигаҳ доштани аксу китобҳои президент ва дар гуфторҳои расмӣ истифода кардани иқтибос аз суханонаш хоси ҷомеаи авторитарӣ ҳаст.

XS
SM
MD
LG