Ссылки доступа

Ҳоҷии дучархасаворро аз нимароҳ баргардонданд


Марзбонони туркман муйсафеди ӯзбекро аз вилояти Намангони Ӯзбекистон, ки савори дучарха қасди зиёрати ҳаҷро дошт, аз роҳ баргардониданд.

Ҳусан Ҳоҷибоев, мӯйсафеди 75-солаи ӯзбек дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, савори дучарха то марзи Ӯзбекистону Туркманистон расид, аммо ба далели надоштани визаи Туркманистон, марзбонони туркман ӯро ба кишварашон роҳ надодаанд.

Мӯйсафед давоми 7 рӯз дар маҷмуъ 1150 километрро тай карда, то марзи Туркманистон расид.

"Марзбонон гуфтанд, ки аз барои савоб маро ба кишварашон роҳ хоҳанд дод, аммо ҳангоми хуруҷ аз Туркманистон марзбонони дигар боздошт карда, ба Ӯзбекистон бармегардонанд. Аз ҳамин рӯ ман бояд ба манзилам баргардам", - гуфт Ҳоҷибоев.

Нафақахӯри ӯзбек 2 июн савори дучарха озими ҳаҷ шуд. Он замон вай гуфта буд, ки ният дорад, шаби 7 ё субҳи 8 июн ба марзи Туркманистон расад. Мӯйсафед бовар дошт, ки марзбонони Туркманистону Эрону Арабистон монеи роҳи ӯ намешаванд.

Ҳусан Ҳоҷибоев моҳи сентябри соли 2016 ба қасди зиёрати қабри президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов, бо дучарха аз Намангон то Самарқанд рафта буд. Ин мӯйсафед дар роҳи рафту баргашт наздики 500 километрро тай кард. Корбарони Фейсбук сафари ӯро ба "ҳаҷҷи хурд" баробар дониста, барояш дучархаи нав ҳадя карданд.

XS
SM
MD
LG