Ссылки доступа

Дар Сурия як ноҳияи дигари шаҳри Раққа аз ДИ бозпас гирифта шуд


Дар Сурия нерӯҳои мусаллаҳи артиши демократии Сурия - эътилофи низомии курду арабӣ, ки аз сӯи ИМА пуштибонӣ мешавад - як ноҳияи шаҳри Раққаро ишғол карданд. Нерӯҳои демократӣ ин ноҳияро аз ҷангҷӯёни гуруҳи тундгарои "Давлати исломӣ" тоза карданд.

Ҳамла ба шаҳри Раққа, ки чанд рӯз пеш оғоз гардид, якбора аз се ҷониб шуруъ шудааст. Пештар аз ин яке аз ноҳияҳои ғарбии шаҳр низ озод карда шуд. Дар ҳоли ҳозир набард барои пойгоҳи ҳарбии шимоли Раққа идома дорад.

Раққа бо аҳолии наздики 300 ҳазораш бузургтарин минтақаи таҳти нуфузи ДИ дар Сурия аст. Дар ҷараёни ҳамлаҳо барои озодсозии Раққа, дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоӣ чанд сокини осоишта низ кушта шудааст. Дар тамоми тӯли ҳамла шумори кушташудаҳо аз ҳисоби сокинони осоишта ба 50 нафар мерасад.

XS
SM
MD
LG