Ссылки доступа

Додситони ИМА дар бораи парвандаи дахолати Русия дар Сенат посух медиҳад


Додситони кул ва вазири адлияи ИМА Ҷефф Сешнз рӯзи сешанбеи 13 июн ба суолҳои аъзои кумитаи иктишофии Сенат, ки эҳтимоли дахолати Русияро дар интихоботи президентии соли 2016 таҳқиқ дорад, посух мегӯяд.

Дар мактубаш ба кумита Сешнз гуфтааст, мехоҳад, дар робита ба баёноти роҳбари пешини Бюрои федеролии таҳқиқоти ИМА Ҷеймс Комӣ посух диҳад. Комӣ ҳафтаи гузашта дар Сенат ба суолҳои вакилон ҷавоб дода буд. Аз посухҳои Комӣ мешавад хулоса кард, ки вай ба Сешнз бовар надошт. Аз ҷумла мулоқоти Сешнз бо сафири Русия дар ИМА Сергей Кисляк дар соли 2016 нобоварии Комиро ба бор оварда буд.

Ҷефф Сешнз баъди таъйин шуданаш ба мансаби додситони кулли ИМА дар моҳи марти соли ҷорӣ, бо хоҳиши худ аз таҳқиқи эҳтимоли дахолати Русия дар интихобот ва робитаҳои ситоди Трамп бо Русия канор ҷуст. Вай гуфт, дар рафти маъракаи интихоботӣ шахси боэътимоди президенти кунунӣ буд ва намехоҳад, ба ин пахуҳиш раҳбарӣ кунад.

Баъди худдории Сешнз Боб Мюллер, додситони махсус, роҳбарии таҳқиқотро бар дӯш гирифт.

XS
SM
MD
LG