Ссылки доступа

Дар Остона амалиёти маҳви "гуруҳи ҷиноӣ" баргузор шуд


Дар шаҳри Алматои Қазоқистон нерӯҳои қудратӣ амалиёти махсуси "безараргардонӣ"-и гуруҳи эҳтимолии муташаккили ҷиноиро баргузор карданд.

Хабар дода мешавад, амалиёт "дар яке аз бузургтарин корхонаҳои кишвар", ки соҳибаш роҳбари гуруҳи ҷиноӣ ва тамъҷӯ аст, доир шуд. Дар сомонаи яке аз телевизионҳои Қазоқистон акси нерӯҳои қазоқ дар пасманзари корхонаи тавлиди шиша нашр шудааст.

Амалиёти махсус бо ширкати кормандони Кумитаи амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва додситонӣ барпо шуд.

Охири моҳи гузашта кумитаи амнияти миллӣ дар бораи пешгирӣ аз фаъолияти гуруҳи ҷиноӣ хабар дод. Он замон дар бораи боздошти даҳҳо узви гуруҳ хабар нашр шуда буд.

XS
SM
MD
LG