Ссылки доступа

Журналист Улуғбек Бобоқулов Қирғизистонро тарк кардааст


Намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон мегӯяд, журналист Улуғбек Бобоқулов, ки зидди навиштаҳояш бо иттиҳоми ангехтани кинаи байниқавмӣ парванда боз карданд, аз қаламрави Қирғизистон берун шудааст.

Сухангӯи Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон Роҳат Сулаймонов гуфт, маълумот дар бораи тарки Қирғизистон кардани Бобоқулов дақиқ аст ва ҳоло маъмурони амниятӣ мехоҳанд, ба кадом кишвар рафтани ӯро муайян кунанд. Таҳқиқи парванда идома дорад.

Худи Бобоқулов дар шабакаи Facebook навишт, ки ҳанӯз як рӯз пеш аз боз шудани парванда аз Қирғизистон берун рафта буд. «Вале ман омодаам ва мехоҳам ба ватанам баргардам, ба шарти он ки тафтишот ва додгоҳ одилона сурат гирад», - навиштааст ӯ.

Парванда зидди журналист аз тарафи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ҳафтаи гузашта боз шуд. Ин ниҳод мегӯяд, коршиносон дар навиштаҳои Бобоқулов «даъват ба хусумати байниқавмӣ» ва «паст задани шаъни миллӣ»-ро ошкор кардаанд.

Раҳбари сомонаи "Фергана.ру" Даниил Кислов дар изҳороташ рӯзи 11 июн гуфт, нашрия ҳамкорияшро бо Бобоқулов то поёни таҳқиқи парванда қатъ кардааст. Худи Бобоқулов дар Facebook навишт, қатъи ҳамкорӣ бо ташаббуси ӯ сурат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG