Ссылки доступа

Блогнависи RFE/RL дар Донбасс нопадид шудааст


Станислав Васин (Асеев)

Иттиҳодияи журналистони Украина 12 июн ба Гурӯҳи махсуси нозирони САҲА дар шарқи Украина ва Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх муроҷиат кард, то дар ҷустуҷӯи Станислав Асеев кӯмак кунанд. Блогнависи RFE/RL рӯзи 2 июн бенишон шуд.

Ҳамкорон, аҳли хонадон ва дӯстони Асеев мегӯянд, як ҳафта ба ин сӯ аз ӯ хабаре нест. Журналист мақолаҳояшро «Станислав Васин» имзо мекард ва корманди вобастаи Бахши украинии Радиои Озодист.

Вакили пешини порлумони Украина ва шиноси деринаи Асеев -- Егор Фирсов 6 июн дар шабакаи Facebook навишт, Асеевро ҷудоихоҳони тарафдори Русия боздошт кардаанд ва дар асорат нигоҳ медоранд. Фирсов бори дигар рӯзи 7 июн ин паёмро нашр кард. 10 июн рӯзномаи "Украинская правда" ин хабарро ба нақл аз «манбаи ғайрирасмӣ» мунташир намуд.

Сардабири Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Ненад Пейич изҳор дошт, агар дар асорат нигоҳ доштани Асеев ҳақиқат бошад, ин як амали «амиқан нигаронкунанда ва ғайриқонунист». Пейич аз хатари эҳтимолӣ ба ҷони блогнавис изҳори нигаронӣ кард ва гуфт: «Мо талаб мекунем вай фавран озод ва амнияташ таъмин карда шавад».

XS
SM
MD
LG