Ссылки доступа

"Хайрхоҳон"-и тоҷик барои фиреби маъюбон зиндонӣ шуданд


Додгоҳи шаҳри Душанбе се нафарро ба фиребидани 35 маъюб ва аз худ кардани садҳо ҳазор сомонии онҳо гунаҳкор донист ва ба зиндон маҳкум кард.

Муҳокимаи се нафар Саёҳат Соҳибназарова, Маҳдмуҷон Носиров ва Билолиддин Мудинов охири ҳафтаи гузашта баргузор шудааст ва ин се нафар бо гуноҳи қаллобӣ мутаносибан аз 9 то ба 11 сол ба зиндон маҳкум шуданд. Маҳкумшудагон ба зиндон ва вакилонашон гуфтаанд, ки аз ҳукми додгоҳи Душанбе розӣ нестанд ва барои бознигарии ҳукм ба зинаҳои болоӣ шикоят мебаранд.

Муфаттишони парванда мегӯянд, ки ҳарсе нафар як созмони дурӯғинеро ташкил додаанд ва 35 маъюб аз шаҳру ноҳияҳои гуногун, аз ҷумла Душанбе, Нуробод, Сарбанд, Ҳисор, Рӯдакӣ, Кӯлоб ва Бохтар фиреб дода ва 200 ҳазор сомонии онҳоро аз худ кардаанд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки моҳи март аз боздошти чаҳор нафар хабар дод, гуфта буд, ки ин афрод аввал ба маъюбон 3 килограмӣ равған ва 50 сомонӣ додаанд ва сипас ба онҳо гуфтаанд, ки дар сурати пардохти маблағи муайян барои онҳо аробаи маъюбӣ мегиранд ва барои муолиҷаи арзон мефиристанд.

Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, танҳо дар ноҳияи Нуробод ин гурӯҳ 13 маъюбро бо маблағи 50 ҳазор сомонӣ фиреб додаанд.

Дар шарҳи боздошти ин афрод Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ гуфта буд, ки ин афрод аввал барои як қаллобӣ боздошт шуданд, вале баъдан маълум шуд, ки миқёси фиребгариашон васеътар будааст. Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ин чаҳор нафар созмони хайриявии худро “Мадад ба маъюбон” унвон карда, мӯҳри қалбакӣ низ бо худ доштаанд.

XS
SM
MD
LG