Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон набераи роҳбари пешини ноҳия ба хонаи бобояш дуздӣ рафт


Шаби 11 май ба манзили Акбар Ҷамилов, ки дар гузашта раиси ноҳияи Норпойи вилояти Самарқанди Ӯзбекистон буд, афроди номаълум ворид шуда, аз соҳибхонаҳо маблағ талаб карданд.

Пулис аз рӯи ин ҳодиса парванда таъсис дода, набераи 25-солаи Ҷалиловро дар ташкили дуздии гуруҳӣ гумонбар медонад.

"Маълум шуд, ки набераи раис ду мард - Нодир ва Бахтиёрро - киро карда, ба манзили бобояш дуздӣ фиристодааст. Ин ҷавонон дар рӯяшон ниқоб кашида, вориди манзили Ҷалиловҳо шуданд. Он рӯз дар хона соҳибхоназан ва яке аз набераҳояш ҳузур доштанд. Дуздон набераро асир гирифта, талаб карданд, ки агар кадбону пул надиҳад, набераашро мекушанд. Зан аз тарс доду фарёд кард ва дуздон аз манзил фирор намуданд. Бо гузашти ду рӯз дуздон дастгир шуданд ва дар рафти бозпурсӣ иқрор карданд, ки дастури дуздиро набераи Ҷалилов додааст", - хабар медиҳад пулиси вилояти Самарқанд.

XS
SM
MD
LG