Ссылки доступа

Дар Қазоқистон соҳиби як корхонаи бузург дар ҷинояткорӣ гумонбар мешавад


Муратхон Токмадӣ
Муратхон Токмадӣ

Дар шаҳри Алматои Қазоқистон 12 июн мақомоти қудратӣ "барои безараргардонии гуруҳи созмонёфтаи ҷиноӣ" амалиёти махсус доир карданд. Бино бар иттилои расонаҳо, дар рафти амалиёт тоҷир ва молики корхонаи бузурги "Казстройстекло" боздошт шудааст.

Роҳбарияти корхона хабар медиҳад, ки рӯзи душанбе мақомот корхонаро ҷустуҷӯ кардаанд. Молики корхонаи мазкур тоҷири 51-сола Муратхон Токмадӣ аст. Мақомот мегӯянд, молики корхона дар роҳбарии гуруҳи созмонёфтаи ҷиноӣ айбдор мешавад.

Муовини мудири кулли корхона Людмила Шепелева гуфт, "корхона дар ҳолати муқарарӣ кор мекунад, аммо компютерҳо ва ҳуҷҷатҳоро бурдаанд".

Бино бар иттилои сарчашмаҳо, тоҷир Муратхон Токмадӣ дар солҳои охир рушди бештар касба кард. Ширкатҳои Токмадӣ дар бозсозии Қасри Ҷумҳурӣ ва сохтани маҷмааи лижаронии Алмато ва шишабандии чанд маҷмааҳои тиҷориву фароғатӣ, маркази тиҷории "Нурли тау" ва ғайрa иштирок кардаанд.

XS
SM
MD
LG