Ссылки доступа

ИМА боздоштҳои оммавӣ дар тазоҳуроти Русияро маҳкум кард


Джон Спайсер отвечает на вопросы журналистов в Белом доме

Вашингтон боздоштҳои дастаҷамъонаи эътирозгарони осоиштаро дар гирдиҳамоиҳои зидди фасод дар Русия маҳкум мекунад, гуфт намояндаи расмии Кохи сафед Шон Спайсер.

"Шаҳрвандони Русия мисли ҳамаи одамон сазовори ҳукумате ҳастанд, ки аз ибрози озоди андеша ҳимоят мекунад", – гуфт Спайсер.

ИМА аз Москва хост, боздоштшудаҳоро раҳо кунад.

Рӯзи душанбе дар Русия бо шиорҳои зидди фасод гирдиҳамоиҳо баргузор гашт. Бархе аз онҳо бо иҷозаи мақомот ҷараён гирифтанд. Вазорати умури дохилии Русия мегӯяд, дар робита ба ин эътирозҳо 150 нафар боздошт шудаанд. Бар пояи гузориши "ОВД-Инфо", дар пойтахти Русия на камтар аз 730 нафар боздошт шудаанд ва шумораи онҳо дар Петербург ба 500 нафар расидааст.

Ба гузориши расонаҳо, шумораи умумии боздоштшудаҳо дар маъракаи мухолифон дар саросари Русия аз 1500 нафар бештар аст.

Ҳамчун баҳонаи гирдиҳамоӣ филми пажуҳишии Бунёди мубориза бо фасод номбар мешавад, ки дар он сарвазири Русия Дмитрий Медведев ба фасодкорӣ муттаҳам шудааст. Чунин тазоҳурот 26 март дар чандин шаҳри Русия баргузор шуда, дар ҷараёни он 1000 нафар боздошт шуданд.

XS
SM
MD
LG