Ссылки доступа

Маблағи иҷораи меҳмонхона занҳои Осиёи Марказиро ба танфурӯшӣ маҷбур кард


Дар шаҳри сайёҳии Бодруми Туркия 6 зан аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия бо гумони танфурӯшӣ боздошт шуданд.

Пулиси Бодрум давоми ду ҳафта ин занҳоро зери назорат дошт. Миёни боздоштшудаҳо 3 шаҳрванди Қирғизистон ду шаҳрванди Русия ва як шаҳрванди Туркманистон ҳаст.

Хабар дода мешавад, ки занҳои боздоштшуда касбу кори мухталиф доштанд. Аз ҷумла яке аз онҳо табиб, дигаре мутахассиси компютер ва оҷенсии сайёҳӣ буда, дар ҷустуҷӯи кор бо ду шаҳрванди Туркия мулоқот карданд. Маҳз шаҳрвандони Туркия занҳоро ба фоҳишагӣ роҳнамоӣ намудаанд.

"Мо дар меҳмонхонаи гароне истиқомат мекардем. Маблағамон зуд тамом шуд. Шаҳри Бодрум бароямон хеле писанд омад. Мо нахуст дар меҳмонхона кор суроғ кардем, аммо пайдо нашуд. Бо он ду марди турк вохӯрдему фоҳишагӣ кардем. Нисфи маблағи даромадро ба он ду мард медодем. Танҳо давоми ду ҳафта мо қариб 14 ҳазор доллар даромад кардем. Мо худамон ба ин роҳ рафтем, касе моро маҷбур накардааст", - мегӯяд шаҳрванди 29-солаи Русия Н.В.

Боздоштшудаҳо ба мақомоти муҳоҷирати Туркия таслим шудаанд ва онҳоро ихроҷ аз ин кишвар мунтазир аст.

XS
SM
MD
LG