Ссылки доступа

Сенати ИМА тарҳи таҳримҳои нави зидди Русияро омода кард


Сенаторҳои амрикоӣ сари тарҳе барои густариши таҳримҳои зидди шаҳрвандон ва ширкатҳои Русия ба тавофуқи назар расиданд. Гуфта мешавад, ин тарҳ дар посух ба амалкардҳои Москва дар Украина, ҳамлаҳои интернетӣ ба ситодҳои интихоботии ИМА ва мудохилаи Русия дар Сурия ба миён омадааст.

Тарҳи нав ба Конгресс ҳақ медиҳад, ҳама гуна талоши ҳукумати Доналд Трампро ба сабук кардани таҳримҳои зидди Кремл баррасӣ намояд.

Раҳбари аксарият дар Сенат Митч Макконелл раъйдиҳӣ барои тарҳи навро расман ба охири ин ҳафта вогузоштааст. Ин пешниҳодҳо ҳамчунин ба густариши таҳримҳои зидди Эрон низ рабт мегиранд.

Таҳримҳои нав зидди кормандони идораҳои иктишофӣ ва низомии Русия нигаронида шудаанд. Бахше аз онҳо риштаҳои энержӣ, роҳи оҳан ва истихроҷи захираҳои табиӣ барои иқтисоди ҳарбии Русияро фаро мегиранд. Дар тарҳи нав инчунин роҳҳои муҷозоти поймолкунандагони ҳуқуқи инсон дар Русия пайрезӣ шудаанд.

Ташаббускорони қонунгузорӣ бар инанд, ки тарҳи нав ҳимояти комили Сенатро ба даст хоҳад овард. Вокуниши Кохи сафед ба он ҳанӯз маълум нашудааст.

XS
SM
MD
LG