Ссылки доступа

Ҳар севумин кӯдаки қирғиз ба меҳнати иҷборӣ ҷалб шудааст


Тақрибан ҳар севумин кӯдаки аз 5 то 17-сола дар Қирғизистон ба меҳнати иҷборӣ ҷалб шудааст. Тақрибан ҳар чаҳорумин кӯдаки аз 6 то 13-сола кори хатарноки ҷисмонӣ анҷом медиҳад. Дар ин бора дар пажуҳиши Созмони ҷаҳонии меҳнат зикр шудааст.

Пажуҳиш дақиқ кардааст, ки ҳар севумин хонандаи синфи 1 то 11 дар баробари таҳсил ба меҳнати иҷборӣ машғул аст. Кӯдакони машғули меҳнат дар таҳсилашон мушкил доранд.

Пажуҳиш исбот кардааст, ки миёни кӯдакони машғули меҳнат ва кӯдакони фориғ аз меҳнат фарқияти қаду баст ва вазн мушоҳида мешавад.

Дар Қирғизистон аз 2 то 12 июн рӯзҳои мубориза бо меҳнати кӯдак баргузор шуд. 12 июн Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдак қайд мешавад.

XS
SM
MD
LG