Ссылки доступа

Сароянда Абдулазиз марзбонони ӯзбекро «душмани халқ» номид (видео)


Овозхон ва оҳангсози ӯзбек Абдулазиз Карим дар як паёми видеоӣ аз рафтори марзбонони Ӯзбекистон шикоят кард ва онҳоро «душмани халқ» номид. Ин ҳунарманди 44-сола мегӯяд, баъд аз гирифтани шаҳрвандии Туркия дар ватанаш ҳадафи бадбинӣ қарор гирифтааст.

Ба гуфтаи Абдулазиз Карим, рӯзи 10 июн, кормандони Хадамоти марзбонии Ӯзбекистон дар гузаргоҳи «Ғишт Куприк», дар марзи Қазоқистон бо падари ӯ, ки аз Туркия бармегашт, бадрафторӣ кардаанд.

«Падари 76-солаи маро тӯҳмат заданд, ба ҷосусӣ ва убури ғайриқонунии сарҳад айбдор карданд. Наздики шом ӯро бо мошини маҳбас ба шӯъбаи милисаи ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканд бурданд», – хабар додааст овозхон.

Абдулазиз Карим назвал узбекских пограничников «врагами народа»
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:07:33 0:00

Ба гуфтаи ӯ, дар шӯъбаи умури дохилӣ падарашро бозпурсӣ кардаанд, шиносномаи ӯро гирифтаанд ва гуфтаанд, ки зиддаш парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

«Ман, дар навбати худ, мехоҳам ба он марзбон савол диҳам: бо кадом виҷдон ту дар моҳи шарифи Рамазон тавонистӣ, муйсафеди 76-соларо тӯҳмат кунӣ? Магар барои он ки ягона гуноҳи ӯ ин аст, ки падари Абдулазиз Карим аст? Ман духтарчае дорам, ки дар синфи дувум мехонад. Ӯро ҳам паси панҷара нишонед! Ту душмани ҳақиқии халқи ӯзбек ҳастӣ!», – мегӯяд овозхон дар паёми видеоияш.

Абдулазиз Карим гуфт, падараш ду соли охир меҳмони ӯ буд ва дар Истамбул зиндагӣ мекард. Кормандони Хадамоти марзбонии Ӯзбекистон мегӯянд, ин шахсро ба сафар бо визаи муҳлаташ тамомшуда айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG